09 Январ 2025
Имрӯз, 09.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ ва маркази саломатии шаҳр дидан намуд.
Нахуст аз бинои Маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ дидан карда шуд. Аз ҷониби масъулини соҳа иттилоъ дода шуд, ки марказ аз як ошёна ва 13 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар соли 2014 сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин марказ з нафар табиб, 4 нафар ҳамшираи тиб, 1 нафар корманди хурди тиб ва 2 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд.
Сипас, аз Маркази саломатии шаҳр дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини баланди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои амалкунандаи соҳа, таъмири иншооти таъмирталаб, муҷаҳҳазгардонии таҷҳизоти зарурии тиббӣ, қабул намудани мутахассисони варзида ба кор ва рафъ намудани норасоии табибон дастуру супоришҳои мушаххас дод.