21 Январ 2025
Санаи 20 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Шаҳри Гулистон аз минтақаҳои сайёҳӣ ва саноатии вилоят ба шумор рафта, ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сирдарё майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки дар маркази шаҳрак бо ташаббус ва саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди майдони Парчам ва боғи истироҳативу фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Сутунпояи Парчам 30 метр буда, майдон бо фаввораву нишастгоҳҳо, ниҳолҳои ороишиву гулҳои мавсими оро дода мешавад ва тамоми ҳудуди он чароғон мегардад. Масъулин азм доранд корҳои сохтмониро соли равон бо сифати баланд ба итмом расонанд.
Дар шаҳри Гулистон ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, дар ин раванд ҳамасола хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол гардонида мешавад. ҶДММ «Тиглат» аз зумраи корхонаҳои нави сохташаванда ба ҳисоб меравад, ки дар он истеҳсоли рангҳо ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳи муосир ҷараён дошта, баробари ба кор андохтани корхона то 70 нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд. Таҷҳизоти нави корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва давлати Туркия ворид гардида, тамоми раванди истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа ба роҳ монда мешавад.
Сипас, роҳбари вилоят фаъолияти корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхона моҳи сентябри соли гузашта ба истифода дода шуда буд ва дар он ноқили барқӣ ва шланги резинӣ истеҳсол мегардад. Роҳбарияти ҷамъият нақшаи дорад, ки барои бартарафсозии талаботи корхона ва ба рох мондани раванди пурраи истеҳсолот сехи истеҳсоли рӯйкаши ноқилҳои барқиро фаъол созад. Бо ин мақсад аллакай бинои иловагӣ бунёд гардида, воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад.
Дар минтақаи саноатии шаҳр Раиси вилоят бо сохтмони сардхонаи ҶДММ «Сеганҷ» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сардхонаи мазкур пурра бо технологияи муосири чинӣ бунёд ёфта, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гаштааст. Сардхона ба 10 қисмат ҷудо гардида, ғунҷоиши он то 600 тонна мебошад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо раванди корҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонӣ, бунёди корхонаҳои нав ва воридсозии технологияҳои муосиру инноватсионӣ супоришҳо дод.