21 Январ 2025
Санаи 21.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
Ҳамчунин, 2-юми январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд.
Ҳамзамон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 “Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” қабул гардидааст.
1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Стратегияи мазкур тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ карда шуд.