13 Феврал 2025
Имрӯз, 13.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили экстремизм ва терроризм бо иштироки шунавандагони курс баргузор гардид.
Дар дарси мазкур сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд.
Инчунин, 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро дар таҳрири нав қабул намуд ва он, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат, 2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат имзо шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Қонуни зикршуда ба пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ҳанӯз 8 декабри соли 2003 қабул шуда, бо дарназардошти афзоиш ёфтани хавфу хатари экстремизм дар ҷаҳони муосир зарурати таҳияи тарзу усули нави муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ба миён омад.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
Ҳамчунин, 2-юми январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд.
Ҳамзамон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 “Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” қабул гардидааст.
Мусалламан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997-2006 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1997 таҳти №707 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (16 ноябри соли 1999 таҳти № 845), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (8 декабри соли 2003 таҳти № 69), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 таҳти № 1717 «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда, дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм нақши муҳим гузоштанд.
Ҳамчунин, 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Стратегияи мазкур тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризм кори дастаҷамъӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди худогоҳу худшиноси кишвар мебошад ва дар натиҷаи ҳамкории муташаккилона дар мубориза бо ин падидаи номатлуби ҷомеа ба муваффақият ноил хоҳем гашт.