Матни равон

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки аз 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст ва доир ба самти муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтори маҳаллӣ, ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва намояндаи раёсати Агентӣ, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шудааст. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода додааст.

Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми

Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Ҳамчунин, доир ба муқовимат бо коррупсия зикр карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин маризии ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бо мақсади амали намудани «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» шахсони масъули Барнома, ки барои таҳлил баррасц ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегия вобаста гашта бо кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва љавонон дар бораи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳо ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Муқовимат бо коррупсия ин яке аз қисмҳои таркибии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар сатҳи миллию байналмиллалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешида истодаанд.

Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахши мубориза бо коррупсия, механизми муносиби идоракуни ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлати, баҳисобгирии муҳосиби ва ҳисобдиҳии молиявӣ, ба таври электрони ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор танзими худро ёфтанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:7742
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2010
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16428
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13223
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48706
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8458060

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?