25 Июл 2016
Ҷанбаҳои маърифати оиладорӣ ва роҳҳои тақвияти он имрӯз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ҷалб намудааст.
Дар ин ҷода қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, № 801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳадафи таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, боло бурдани маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба тасвиб расидааст. Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур ва қарори Раиси вилоят аз 2-юми феврали соли 2016 №118 қарори навбатии Раиси шаҳри Гулистон аз 29-уми июни соли 2016, №169 ба тасвиб расид.
Ба қарори номбурда нақша – чорабинӣ замима ва масъулини шуъбаю бахшҳои дахлдори МИҲД-и шаҳр, Ҷамоати шаҳракро баҳри амалисозии он муваззаф гардидаанд.