18 Май 2026
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1-уми январи соли 2026 таҳти рақами АП-949, қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 25-уми феврали соли 2026 №37 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз санаи 11-уми марти соли 2026 № 80 дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" санаи 16-уми майи соли 2026 дар Мактаби санъати маркази шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ва намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Юсупов О.А. ва мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова баргузор гардид.
Дар озмун 78 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ширкат варзида, маҳорати худро бо беҳтарин оҳангу суруд, асарҳои рассомӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки инъикоскунандаи фарҳангӣ гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд, пешкаши ҳакамон ва ҳозирин гардониданд.
Дар натиҷаи озмун 60 нафар иштирокчиён ғолиб гашта бо Дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.




















