Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистонро самимона табрик гуфта, ба хонадонатон оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат таъкид намуданд, ки: "Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад. Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд. Дар рӯзи иди Қурбон мардуми тоҷик мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ се амалро ба иҷро мерасонанд: аввалан, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек мекунанд, баъдан ба зиёрати падару модар, беморону ниёзмандон ва азодорон мераванд ва шахсоне, ки имкони мусоиди молиявӣ доранд, расми қурбониро ба ҷо меоваранд".
Сокинони кишварамон, аз ҷумла гулистониён бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар баробари заҳмати созандаву ободкориҳо ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Иди Қурбон таъкид намуданд, ки: "Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорем.
Ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддас ҳар як фарди соҳибватан ва бонангу номуси ҷомеа вазифадор аст, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузорад ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намояд.
Истиқлол дастоварди бузургу таърихӣ мебошад ва ҳимояи он масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо ба шумор меравад.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва ба шарофати давлати соҳибистиқлоламон ҳуқуқу озодиҳо ва боварҳои эътиқодии худро амалӣ менамоем.
Шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки он дар амали ҳаррӯзаи созандаи ҳар яки мо ва дар хизмати содиқона ба Ватан ифода меёбад.
Итминон дорам, ки кулли мардуми шарифи кишвар минбаъд низ саъйу талоши худро аз ҳар як хонаву кошона сар карда, барои ободии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дареғ намедоранд".
Вобаста ба ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои рушди ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Дар ин раванд мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.
Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини шаҳрамон ва дар навбати аввал ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу ҳунар рӯ оварда, дар ободии имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрӯи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.

Фарорасии Иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ, саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон фазои ҳамешагии осоиштаро таманно менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2181
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12806
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19971
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:103546
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9557023

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?