Матни равон

Имрӯз, 26-уми июни соли 2026 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» - иқдоми наҷиби сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки фаъолони ҳизб доир карда шуд.
Дар кори Конференсия Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов иштирок ва суханронӣ намуданд.


Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Зикр карда шуд, ки бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат таъкид намуданд, ки: “Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.
Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.
Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.
Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст”.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Қабули ин пешниҳод аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амали саривақтӣ мебошад, зеро дар ҳақиқат насли оянда ба сулҳ ниёз дорад, то зиндагии озоду осоишта дошта бошад. Сулҳ на танҳо як ҳолати муваққатӣ, балки раванде аст, ки онро бояд тавассути саъю кӯшиши муштарак ҳифз ва таҳким бахшид. Дар заминаи сулҳ наслҳои оянда метавонанд дар ҷаҳоне зиндагӣ кунанд, ки дар он ормонҳои инсоният амалӣ мегарданд. Ҳар ҷанг як ба ҳалқае шабоҳат дорад, ки ба занҷири бадбахтии инсоният зам мешавад ва ба пешрафти инсоният халал мерасонад.
Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими сулҳи пойдор дар ҷаҳон ва қатъи ҷангҳои харобиовар мусоидат менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода боз қадамҳои устувор мегузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2944
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3132
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16361
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:93620
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9653302

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?