Матни равон

Имрӯз, 28 июли соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон маҳфили навбатии “Ҳумоюн” бо иштироки Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баргузор гардид.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши китоб дар даромадгоҳи Кохи “Истиқлол” – и шаҳр дидан намуданд.

Маҳфилро муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён оғоз намуда, устодон ва меҳмононро ба шаҳри Гулистон хушомадед гуфт. Зикр карда шуд, ки фарҳанг ва адабиёт рукни асосии ҳастии миллат мебошанд. Таърихи миллати тоҷик исбот намудааст, ки маҳз сухани воло ва андешаи созанда моро то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ кардааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди фарҳанг, китобдорӣ, китобхонӣ ва эҷодиёти аҳли қалам имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.

Маҳфили «Ҳумоюн» на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки мактаби бузурги тарбияи маънавӣ мебошад, ки аз ҷониби устодон ташкил гардида, ба таври мунтазам дар ҳар гӯшаву канори кишвар баргузор гардида истодааст. Чунин маҳфилҳо ҷавононро ба китобхонӣ, омӯзиши мероси ниёгон ва қадршиносии арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунанд. Мулоқот бо адибон яке аз беҳтарин роҳҳои бедор намудани шавқу завқи адабӣ миёни ҷомеа мебошад.

Сипас, устодон Озарахш ва Фарзона суханронӣ намуда, бо суханони воло ва байтҳои ноб табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Дар ҷараёни маҳфил рӯнамоии китоби “Ишқи ватан” - маҷмуи шеърҳои ватандӯстонаи Лоиқ Шералӣ сурат гирифта, доир ба аҳамияти он декани факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Замирахон Улмасова суханронӣ намуд.

Инчунин, аз нависандаи номвар Анвар Мирзоҳакими Олим ёд карда шуда, доир ба рӯзгор ва осори ӯ Аъзам Хуҷаста изҳори назар намуд.

Дар ҷараёни маҳфил ба озмуни “Мавлавихонӣ”-и маҳфил оғоз бахшида шуда, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ғазалу достонҳо қироат намуданд.

Дар бахши минбари эҷодкорони ҷавон Меҳровари Масчоҳӣ, Анӯша Каримӣ ва Рабоат Худоёдодова аз ашъори худ намунаҳо қироат карданд.

Ба хонандагони фаъол аз ҷониби устодон китобҳо тақдим карда шуд

Ҳамчунин, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова ва Фараҳманд Каримов ва сарояндаи ҷавон Аъзамҷон Холмуродов аз осори устодон сурудҳо зам-зама намуда, ба маҳфил шукӯҳ бахшиданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5382
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5270
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13827
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25962
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:130682
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9796442

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?