02 Август 2026
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муаррифии комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон Хайрулло Шарифзода баргузор гардид.
Дар маросими муаррифӣ Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода, Комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Умедҷон Солеҳзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини соҳавии раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо иштирок намуданд.
Комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Умедҷон Солеҳзода зимни муаррифии комиссари навтаъин иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва иҷрои вазифаҳои вобаста ба таъмини мудофиаи давлат аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як масъул масъулияти баланд, интизоми қатъӣ ва садоқат ба давлату миллатро талаб менамояд. Ӯ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайати комиссариат расонида, таъкид кард, ки фаъолияти комиссариати ҳарбӣ бояд дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, татбиқи босифати маъракаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон боз ҳам ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон ӯ аз комиссари навтаъин даъват намуд, ки бо истифода аз таҷрибаи корӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ вазифаҳои хизматиро дар сатҳи баланд иҷро намояд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода комиссари ҳарбии навтаъинро табрик гуфта, барояш дар фаъолияти хизматӣ муваффақият, иродаи қавӣ ва садоқати ҳамешагӣ ба давлату миллат орзу намуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша барои ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссариати ҳарбӣ, татбиқи сиёсати давлатии мудофиа ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ҳамкории судмандро идома хоҳад дод.
Дар фарҷом Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ва генерал-майор Умедҷон Солеҳзода ба собиқ комиссари ҳарбии шаҳр Фитрат Раҳмонзода, ки ба вазифаи дигар таъин шудааст, барои фаъолияти софдилона ва саҳми арзандааш дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ изҳори сипос намуда, бо Сипоснома қадр карданд.






















