13 Август 2026
Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонхонаи «Симин» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мавриди истифода қарор дода шуд.
Меҳмонхонаи «Симин» аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра, ошхона, толори қабули меҳмонон, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад. Меҳмонхона барои қабули 28 нафар пешбинӣ гардида, бо сифати баланд ва бо истифода аз унсурҳои хоси меъморӣ бунёд шудааст. Дар он барои истироҳат ва қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Зимни суҳбат бо сокинони шаҳраки Адрасмон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ифтитоҳи меҳмонхонаи «Симин»-ро туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иқдоми муҳим дар самти беҳтар намудани симои шаҳрак арзёбӣ намуд.
Раиси вилоят сокинонро ба идомаи корҳои созандагиву ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳалл даъват кард.
Бояд гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бунёду навсозии 59 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз қисми зиёди иншооти мазкур сохта, ба истифода дода шуда, корҳои созандагӣ дар дигар мавзеъҳо низ идома доранд.
Аз ҷумла, дар шаҳрак сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо маром идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави кору фаъолият тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои барқарорсозии кӯдакистони «Садбарг», ки бо саҳми Фонди хайриявии Музаффар амалӣ шуда истодааст, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон дастур дод, ки корҳои сохтмониву барқарорсозиро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Сохтмону навсозии кӯдакистони «Садбарг», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дигар муассисаҳои таълимию тиббӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.
Раванди ободониву созандагӣ дар шаҳраки Адрасмон дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, ба рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва боз ҳам зебову обод шудани шаҳрак мусоидат хоҳад кард.






















