18 Август 2026
Дар арафаи соли нави хониш бо мақсади дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба 35 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон ва дигар лавозимоти зарурии хониш супорид.
Хонандагон бо рӯҳияи болида ба ин ғамхорӣ арҷ гузошта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо омӯзгорон ва масъулини соҳаи маориф таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омодагии ҳамаҷониба ба роҳ монда, барои таъмини шароити муносиб ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар раванди таълиму тарбия ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносии хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Зеро ояндаи давлату миллат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати насли наврас вобастагии мустақим дорад. Тарбияи насли босаводу донишманд, соҳибмаърифат ва ватандӯст яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба шумор меравад.






















