19 Август 2026
Санаи 18.08.2026 муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №13-и шаҳраки Адрасмон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2026-2027, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2026-2027 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд.
Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва макони нигоҳдории маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дидан намуда, ба масъулини муассисаҳо таъкид намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.






















