03 Сентябр 2026
Имрӯз, 03.09.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро ба ҳузур пазируфта, ба ин муносибат табрику таҳният намуданд.
роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода собиқадоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими истиқлол ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Собиқадорон бо шукргузорӣ аз фазои тинҷиву осоиштагӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, барои пойдории Истиқлоли давлатӣ дасти дуо бардоштанд.






















