02 Сентябр 2026
Имрӯз, 02 сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳо 2023-2030” дар шаҳри Гулистон.
2.Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг.
3.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавза интихоботии “Маърифат” №27 Муҳаббатов Амир Муҳамадшоевич оид ба ваколатҳои вакилӣ.
4.Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2026.
5. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.
Аз рӯи масъалаи якум муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён доир ба иҷрои "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” дар шаҳри Гулистон гузориш манзур намуд.
Доир ба баррасии масъалаи мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз” №32 Наргиза Бердиева ба музокира баромад.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳангро манзур намуд.
Тибқи масъалаи чоруми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Маърифат” №27 Муҳаббатов Амир Муҳамадшоевич оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.
Доир ба барраси масъалаи чоруми рӯзнома дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2026 қарори дахлдор қабул карда шуд.
Тибқи масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.
Дар кори иҷлосия сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода иштирок ва суханронӣ намуд.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём кулли сокинони кишварро баҳри истиқболи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намудаанд ба самъи ҳозирин расонид. Ҳузурдоштагони иҷлосияро муваззаф намуд, ки дар таҳкими иқтисодиёти шаҳр, оромии ҷомеа, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷ бахшидан ба корҳои бунёдкорӣ тадбирҳои муассир андешида, баҳри шукуфоӣ ва ободии қаламрави шаҳри азизамон, ки як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, саъю кӯшиш намоянд.
Иҷлосияи навбатӣ кори худро бо садо додани Суруди миллӣ анҷом расонид.





















