Матни равон

Санаи 01.09.2026 дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар ҶДММ "Заводи металургии тоҷик" хати нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

Лозим ба зикр аст, ки Заводи металлургии Тоҷик санаи 24 сентябри соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар марҳилаи аввал корхона арматураҳои сохтмониро бо чор андоза истеҳсол мекард. Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки истеҳсолот васеъ карда шавад ва дар корхона сехҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Амалӣ намудани қисми дуюми лоиҳа бо сармоягузории Фонди сармоягузории Тоҷикистону-Ӯзбекистон дар натиҷаи заҳматҳои бисёр истеҳсоли профилҳо ва швеллерҳо ба роҳ монда шуд.

Имрӯз корхона метавонад кунҷакҳоро бо андозаҳои 30×30 мм, 40×40 мм, 50×50 мм ва швеллерҳоро бо андозаи 8 см ва 10 см истеҳсол намояд, ки дар бозор ба ин маҳсулот талабот баланд аст.

Ин маънои онро дорад, ки корхона дар ҳолати таъмин гардидан бо ашёи хом иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз дар ду баст кор ташкил намуда, то 120–150 тонна, дар як сол бошад то 50 000–60 000 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, талаботи бозори маҳаллиро қонеъ гардонида, дар оянда нақша дорад, ки маҳсулотро ба бозорҳои мамлакатҳои ҳамсоя содирот намояд.

Дар натиҷаи ба кор даровардани иқтидорҳои нав иловатан 12–15 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, кормандон бо маоши хуб таъмин мегарданд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати мунтазам ба роҳ мондани фаъолият ва иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳо дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2589
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2833
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6529
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:30408
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6529
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:133760
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9952019

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?