07 Сентябр 2026
7 сентябр дар хиёбони Истиқлоли маркази шаҳр ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паради ҳарбӣ бо иштироки сарбозону афсарон, ҳайати шахсии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва захираи сафарбарӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Аз омодагии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ ва иштироки онҳо дар ин гузашти низомӣ командири қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Амриддин ба Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода гузориш дод.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, афсарону сарбозон, дигар сохторҳои низомӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд.
Зикр карда шуд, ки Истиқлол рамзи озодӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ, пояи давлатдории миллӣ ва кафили бақои миллат мебошад. Маҳз Истиқлол ба мо имконият дод, ки роҳи рушди мустақилонаи давлатро интихоб намуда, арзишҳои миллӣ, фарҳанги куҳанбунёд ва суннатҳои давлатдории тоҷиконро эҳё ва таҳким бахшем.
Бо шарофати Истиқлол имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро соҳиб гардидааст.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо роҳи пурифтихори рушдро тай намуда, ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид, пояҳои давлатдорӣ устувор шуданд, мақомоти давлатӣ ташаккул ёфт, иқтисоди миллӣ рушд кард, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид ва обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Имрӯз Тоҷикистон ташаббускори масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти об, иқлим, сулҳу субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат ба таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун кафили асосии амнияти давлат аҳамияти аввалиндараҷа доданд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи касбӣ, муташаккил, интизомнок ва омодаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, муҳофизи марзу буми Ватан, кафили сулҳу оромӣ ва рамзи қудрати давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳар як сарбозу афсар бо садоқат ба Савганди ҳарбӣ, муҳаббат ба Ватан ва ҳисси баланди масъулият хизмати муқаддаси худро иҷро намуда, барои ҳифзи Истиқлол, амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум шабонарӯз заҳмат мекашад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони ватандӯст, соҳибмаърифат ва далеру шуҷои Тоҷикистон хизмат намуда, рисолати муқаддаси фарзандии худро сарбаландона адо мекунанд.
Гузашти низомӣ бо амри фармондеҳи Паради ҳарбӣ, полковник Амриддин Одинаев оғоз гардид.
Зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ ҷараён гирифт. Қадамҳои далеронаву ҷасуронаи афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороиву қадамзанӣ ва омодагии иштирокчиён дар майдони гузашти низомӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.
Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукуҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир карда шуд, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.




















