Матни равон

Рӯзи кормандони мақомоти судро, ки ҳамасола 26 октябр таҷлил мегардад, ба кормандони мақомоти Суди шаҳр самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтии рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияту пуршарафи хизматӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Адолат яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи инсонӣ ва муҳимтарин шарти пойдории давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи боэътимоди судӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти суд ба шумор мераванд.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки низоми мустақили ҳуқуқии худро ташаккул дода, фаъолияти мақомоти давлатиро дар асоси арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ ба роҳ монад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар ин раванд аҳамияти таърихӣ дорад. Маҳз Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард. Дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян гардид, ки вазифаи асосии он ҳифзи қонуният, адолат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти пайвастаи судию ҳуқуқӣ амалӣ гардида, барои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳо ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба ҳимояи судӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти давлат мебошанд».

Ин таъкиди Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки эҳтиром ба қонун ва таъмини адолат асоси рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд мебошад.

Имрӯз мақомоти судӣ ҳамчун ниҳоди муҳими ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ, баррасии беғаразонаи баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат нақши муассир доранд. Фаъолияти судяҳо ва кормандони мақомоти суд на танҳо донишу таҷрибаи баланди касбӣ, балки поквиҷдонӣ, беғаразӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми амиқ ба қонунро талаб менамояд.

Дар ин замина, фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми ҳифзи волоияти Конститутсия аҳамияти хос дошта, барои таъмини мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба меъёрҳои санади олии ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонунияти конститутсионӣ нақши муҳим мебозад.

Дар марҳилаи муосир бо рушди ҷомеа ва пешрафти технологияҳои иттилоотӣ масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти мақомоти судӣ, такмили низоми иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз самтҳои муҳими рушди минбаъдаи низоми судию ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони мақомоти суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ дар таҳкими қонуният, адолат ва пойдории арзишҳои конститутсионӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи кормандони мақомоти суд ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурмасъулият, заҳмати содиқона ва хизматҳои шоиста баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон изҳори сипос менамоям.

Ба Шумо саломатии комил, саодати рӯзгор, неруи тоза, иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пуршарафи касбӣ комёбиҳои нав ба нав орзу дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1755
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2752
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19937
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:37147
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1755
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10204939

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?