27 Октябр 2026
Имрӯз, 27-уми октябри соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Эргашев Озодбек, Холматов Санҷарбек, Шокиров Ҷасурбек, Буриев Рустам, Ёрматов Ҳасан,
Мадазимов Азизҷон, Алиматов Беҳзод, Исмоилов Ҳусейнбой ва Турсунов Азизҷон, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Хоҷаев Улуғбек сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидайнашон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар доираи "Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" дар шаҳри Гулистон тақдим намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон дар ҳузури сарбозону ҷавонони шаҳрак таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон дар даъвати тирмоҳии соли ҷорӣ дар рӯзи аввал сарбаландона иҷро намуд. Маҳз, зиёд гардидани сафи чунин ҷавонони ватандӯст буд, ки дар рӯзҳои аввали даъват бо хоҳиши худ муроҷиат намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд ва мо нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудем. Аз ҷумла ҷавонони шаҳраки Адрасмон дар рузи аввал нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин анъана минбаъд низ идома ёфта, ҷавонони ҷасуру ғаюру ватандӯсти шаҳри Гулистон бо хоҳиши худ дар даъватҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро менамоянд.






















