Матни равон

Имрӯз, 13 октябри соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳр дар тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – абармарди сиёсат” доир гардид.

Дар кори конференсияи мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Муниса Рашидова ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи 16 ноябр дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон боз як воқеаи муҳимро таҷассум мекунад. Агар 16 ноябри соли 1992 оғози Иҷлосияи XVI бошад, пас 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихоботи президентӣ ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи президентӣ баргузор гардид. Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри ҳамон сол марҳилаи нави ташаккули низоми президентии давлатдориро ифода намуд. Ҳамин тавр, ин сана бо ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ пайванди мустақим пайдо кард.

Баъдан, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд. Ин қарор ба санаи мазкур мақоми расмии идона бахшид ва аҳамияти таърихии онро дар тақвими давлатдорӣ боз ҳам равшантар намуд.

Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар шаҳрванди мамлакат боре ба арзишҳои худӣ, фикру андешаҳо, мавқеи ҷамъиятию сиёсӣ ва шахсӣ таваҷҷуҳ намояд, то чӣ андеша доштану дар кадом мавқеи сиёсӣ будани худро таҳлил намояд. Чунин мавқеъмуайянкунӣ на танҳо пеши таърих, Ватан, миллат ва ҷомеа, балки нахуст дар назди худи мо ва назди виҷдонамон хеле муҳим аст. Зеро ҷашнҳои миллию давлатӣ танҳо санаи расмӣ, тақвимию давлатӣ ва сиёсӣ набуда, ҷашни ҳар шаҳрванд, ҷашни шахсӣ ва оилавии ҳар фарди соҳибватан мебошанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи муқаррарӣ набуда, балки рӯзи бузурги таърихӣ, ҷашни муқаддаси миллӣ, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хосса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Баромадкунундагон доир ба корномаҳои ҷовидонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи тақдирсози кишвар баёни андеша намуданд.

Дар фарҷоми конференсия як қатор фаъолони ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, ба як қатори аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1890
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3740
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5630
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26055
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:77994
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10281178

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?