14 Ноябр 2026
Имрӯз 14.11.2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар даромадгоҳи Кохи "Истиқлол" намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои эҷодии дастпарварони мактаби санъати маркази шаҳр ва дастовардҳои ҷавонону варзишгарон ва гирандагони стипендияи Президентӣ дар шаҳр ба намоиш гузошта шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд Зулфиқор Тоиров аз намоиш дидан намуда, аз корномаҳои ҷовидонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.




















