21 Ноябр 2026
Имрӯз, 21 ноябри соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии Варзишгоҳи марказии шаҳр боздид ба амал овард.
Лозим ба зикр аст, ки Варзишгоҳи марказии шаҳр бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба меъёрҳои муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва саҳми ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» пурра азнавсозӣ гардида истодааст.
Зимни боздид Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ, сифати корҳои иҷрошаванда ва истифодаи масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, бо масъулин ва мутахассисон оид ба суръат ва сифати иҷрои корҳои ободонӣ суҳбат анҷом дод.
Таъкид гардид, ки Варзишгоҳи марказӣ яке аз иншооти муҳими варзишии шаҳр ба ҳисоб рафта, баъди анҷоми пурраи корҳои азнавсозӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун, омода намудани варзишгарони болаёқат ва фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин барои ҷавонону наврасон хизмат хоҳад кард.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба масъулини соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои азнавсозӣ, риояи талаботи стандартҳои сохтмонӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи иншоот ва муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои рушди футбол ва дигар намудҳои варзиш дар шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид карда шуд, ки рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор рафта, баҳри татбиқи ин ҳадафҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Гулистон пайваста идома доранд.






















