Матни равон

15-уми сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муносибати Рўзи шаҳри Гулистон ҳамоиши бошукўҳ доир гардид. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳамоишро оғоз намуда, дар бораи аҳамияти таҷлили ин ҷашн, таърихи шаҳр ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сухан ронд.

-Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 9 корхонаҳои саноатии шаҳр бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти соҳаи саноат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таҷлили расмии Рўзи шаҳр моро муваззаф месозад, ки дар партави илҳомбахши Истиқлолияти давлатӣ аз имрўза бештару беҳтар ва хубтару пурсамартар кору фаъолияти хешро ба роҳ монем, - таъкид дошт Матлубахон Амонзода.

Баъдан Саодатҷон Пулотова, раиси иттифоқи касабаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, Лолаева - Ядгарова Ҷаннат Холовна, раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи энергетикҳои Шабакаҳои барқии Суғд, Анвар Отаев, собиқадори соҳаи геология бо ҳадафи қадршиносӣ барои саҳми арзанда дар рушд ва инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ва ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 6-уми сентябри соли 2016, таҳти №230 бо унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон” сарфароз гардиданд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода лентаи сарисинагии “Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон”-ро тантанавор ба онҳо супорид. Ба шаҳрванд Наталя Мирзорахимова, барои фаъолнокӣ дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ Ифтихорномаи Раиси шаҳр супорида шуд.

Дар фароварди маҳфил ҳунарварони бахши фарҳанг Соҳиба Каримова, Боқӣ Одинаев, Фарҳодҷон Одизода, Гулузори Роҳат, Субҳиддини Раҷабзод, Фаридун Нуриллоев, Исмат Ҷабборов, Дамирбек Олимов, Шоҳраҷаб Эркаев, Бахтиёр Давлатов, театр-студияи “Коно ва Доно” ва гуруҳҳои рақсии “Гулноз” ва “Соҳил” бо суруду тарона, саҳначаҳои ҷолиб ва рақсҳои ҷаззоб чорабиниро рангину гармтар намуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:459
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20440
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50405
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692325

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?