Матни равон

Дар баробари соҳаҳои дигари иҷтимоӣ тандурустӣ низ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат ва бевосита Сарвари кишвар буда, ба он аҳамияти хосса зоҳир карда мешавад. Тиб яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, ба он диққати бештар намудан беш аз пеш афзудааст, зеро ин соҳаест, ки бевосита ба сиҳатии омма сарукор дошта, кормандони он ҳамаи кўшишу талошҳои хешро баҳри пешгирии мардум аз ҳаргуна бемориҳову ҷисман солим нигоҳ доштани кулли шаҳрвандон равона кардаанд.

Тандурустӣ ва масоили марбут ба он дар Паёми ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифт, ки ин гувоҳи соҳаи афзалиятнок будани он аст. Соҳаи тандурустӣ дар солҳои охир ташаккули бомаром намуда, ҳамасола барои бунёд, таҷдиду тармими иншооти соҳаи тиб ва харидорӣ намудани таҷҳизоти наву муосири табобатӣ маблағҳои калон равона мегардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки соли таърихии 2016, ки дар он 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, барои кормандон ва масъулони соҳаи тандурустии шаҳри зебоманзари Гулистон соли фаромўшношуданӣ ва комёбиву муваффақиятҳо буд. Зеро дар ин соли бобарор бо дастгирии Раиси шаҳр муҳтарама Матлубахон Амонзода барои таҷдиду тармими иншооти соҳаи тиб ва таҷҳизоти табобатии замонавӣ аз буҷети шаҳр қариб як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин бо ибтикори корхонаҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони саховатманди шаҳр барои рушди ин соҳа ва таъмири биноҳо беш аз 150 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардид.

Бояд гуфт, ки натиҷаи ин дастгириву ғамхориҳо буд, ки Маркази саломатии шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятӣ, ки ба муносибати ҷамъбасти Соли фарди солим баргузор шуд, дар миёни муссисаҳои тандурустии вилоят сазовори ҷои аввал гашт ва соҳиби диплому мукофотпулӣ гардид. Мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли ҷорӣ аксари бинову иншоти соҳаи тандурустӣ тармиму таҷдид гардида, бо дастгоҳҳои наву технологияи муосир муҷаҳҳаз мешаванд, ки барои раҳандозӣ намудани ин корҳо беш 1,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат тазаккур ёфт диққат намудан ба доруворӣ ва сифати онҳо мебошад. Зеро аксари маводи доруворие, ки дар кишвар мавриди истифода қарор мегирад аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид мешавад. Табиист, ки на ҳамаи доруворие, ки ворид мегардад ба талабот ҷавобгў буда, имрўз фурсати он расидааст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоем ва пеши роҳи воридшавии дорувориҳои пастсифатро, ки саломатии миллатро зери суол мебарад, бигирем.

Мо кормандон ва масъулони соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон гуфтаҳои Пешвои милллатро дастури кору фаъолияти худ намуда, барои гирифтани пеши роҳи истифодаи дорувориҳои пастсифат тамоми талошу кўшишҳои хешро равона намуда истодаем.

Гулсанам ПЎЛОДЗОДА,
сардухтури БМШ-и Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:254
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12667
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91054
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630899

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?