13 Март 2017
Дар толори бахши ҳифзи миҳити зист ҷаласаи васеи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон доир гардид.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев доир ба таърихи 30 солаи Шӯро сухан ронда, тазаккур дод, ки Шӯрои собиқадорон аз соли 1987 фаъолият бурда, дар дарозои ин солҳо корҳои зиёди тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуда, имрӯз собиқадорон дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар музокира раиси ташкилоти «Ҳифзи Ватан» Бозор Ғуломов ва муҳофизи сохти конститутсионӣ Зариф Пӯлодов иштирок намуданд. Дар охир аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фаъолзанони собиқадор туҳфаҳои ҷашнӣ супорида шуд.
Дар кори ҷаласаи Шӯро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.