Матни равон

Муҳтарам гулистониён!

Боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз ба сарзамини соҳибистиқлоли мо қадами ҳаётофарини худро мегузорад. Ба ин муносибат ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо кулли сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистонро бо самимияти хоса таҳният гуфта, барои ҳамагон офиятмандиву тандурустӣ, саодатмандиву сарсабзӣ, сулҳу амонӣ ва баракату файзи наврӯзиро орзу менамоям.

Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯс-ти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ аз аҳди Ҷамшед истиқбол менамуд ва ин иди бузургтарини миллӣ бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардид. Ҷашни Наврӯз, махсусан, дар аҳди Сомониён чун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд ёфт.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷи- кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хоссаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ – Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Соли нави аҷдодӣ мусоидат намуда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерӯбахши худро эҳдо месозад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат зикр кардаанд:

«Имрӯз асосан ду иди бузург дорем, ки онҳо манбаи ифтихору болидагии рӯҳи ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номусанд. Ин идҳои мардумию умумихалқӣ, ки барои ҳар фарди худогоҳу соҳибфарҳанг ва ватанпарвару миллатдӯст азизанд, Иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Иди Наврӯз мебошанд».

Ва ин ки Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба қатори ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуда, Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард, саҳми мардум, давлат ва махсусан Пешвои миллатамон беназир мебошад. Бешак, Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд. Дар ҳақиқат, Наврӯз иди озодагон ва иди саховату ҷавонмардӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷашни Иди Наврӯзро бояд бо дили шоду хотири ҷамъ, дар муҳити оилаву дӯстон, бо андешаҳои неку орзуҳои наҷиб ва майлу ниятҳои хайру ободгарона истиқбол намуд.

Дӯстони арҷманд!

Ҳар як қадами Наврӯз хусу- сиятҳои хосса ва нотакрори худро дорад. Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангии соли равон, ки мо онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин пеш аз ҳама 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва дигар санаҳои таърихӣ мебошанд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо шарафи фарорасии Наврӯз аз самими дил табрик гуфта, бароятон хотири ҷамъу саломатӣ, бахту иқбол, хонаободиву дастурхони пурфайз ва сари баланду пирӯзиҳои беназир таманно менамоям. Бигузор ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!

Иди Наврӯзи фирӯз муборак бод!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4928
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12350
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90737
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630582

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?