05 Июн 2017
Бо ташаббуси Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдакон баҳри болида гардонидани хотири маъюбони бистаришуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 20 нафар кўдакони маъюб 2000 сомонӣ ва 28 нафар ятимони кул 2800 сомонӣ, дар маҷмўъ 4800 сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.
Чунин чорабиниҳо дар маҳаллаҳои маркази шаҳр ва Ҷамоатҳои шаҳракҳо низ гузаронида шуда, кўдакони маъюб ва ятимон аз ҷониби намояндагони мақомити иҷроияии ҳокимияти давлатии шаҳр аёдат ва қадрдонӣ шуданд.