12 Июн 2017
Ба истиқболи 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз 23-юми майи соли равон, № 145 баргузории мусобиқаи шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” ба нақша гирифта шудааст. Доир ба мусобиқа низомномаи он низ ба тасвиб расидааст.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Гулистон қариб 40 маҳаллаҳо мавҷуд буда, онҳо метавонанд бо мусоидат барои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва амсоли ин дар мусобиқа ширкат дошта бошанд. Мусобиқа дар доираи чорабиниҳои таҷлили 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.