12 Июн 2017
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мизи мудаввар дар мавзўи "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдат" доир гардид. Дар ин нишаст аъзои кумитаи иҷрои ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони ҳизб, роҳбарони як қатор корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.
Мизи мудаввар бо намоиш додани филми мустанад доир ба корнамоиҳо ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳи тоҷикон ва саҳми ў дар пешрафти Тоҷикистон ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён оғоз гардид.
Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Санавбар Нуруллоева, раиси ташкилоти ибтидоии шуъбаи фарҳанг Биомина Мирзоева, сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев, аъзои Шўрои собиқадори ҲХДТ Саиднисо Воситова фикру андешаҳои хешро оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдат дар таърихи навини миллат ва инъикоси паёмадҳои он дар зиндагии тоҷикон ва оид ба сулҳдўстии азалии ин мардум сухан ронданд. Ҳамчунин тазаккур ёфт, ки мардуми тоҷик бо сулҳи беназири худ ба ҷаҳониён собит намуд, ки ҳамеша ҷонибдори сулҳу саломатӣ аст. Дар мизи мудаввар ҷонишини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов низ иштирок ва суханронӣ намуд.