12 Июн 2017
Бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар Кохи "Истиқлол" маҳфили "Адибони ваҳдатсаро" баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз бахши суғдии Иттифоқи нависандагон шоира Гулнози Тоҳириён, котиби масълуи Шўрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавлуда Шарифова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар зимни баргузории маҳфили мазкур Раиси шаҳр таъкид намуд, ки падидаи нодири сулҳи тоҷикон манбаъҳои зиёд дорад ва ҳанўз дар кўҳантарин китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» омадааст, ки «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бишканад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».
Ҳамчунин тазаккур ёфт, ки боиси ифтихор ва боландагист, ки дар илмии сиёсатшиносии ҷаҳон як истилоҳи наве бо номи "Сулҳи тоҷикон" ба вуҷуд омад ва сулҳи мо мардуми тоҷикро мавриди омўзиш қарор дода истодаанд.
Зеро таърихи мавҷудияти Созмони Милали Муттаҳид чунин сулҳе, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ ва аз ҷиҳати замон сареъро ёд надорад.