05 Сентябр 2017
Бахшида ба Рўзи Дониш дар муассисаҳои таълимии шаҳр дарси сулҳ бо тамошои дастҷамъона тариқи шабакаи телевизионӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар муассисаи таълимии № 14-и маркази шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулатиф Қодирӣ аз номи Раиси вилояти Суғд омўзгорон ва толибилмонро бо фарорасии соли нави таҳсил муборакбод намуд. Ҳамзамон, чунин чорабинӣ дар МҒД Коллеҷи тиббии Гулистон ва 15 муассисаи таълимӣ бо иштироки намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба вуқўъ пайваст.