23 Феврал 2013
Раиси шаҳр мақоми олии давлатӣ дар шаҳр ба шумор рафта, ташкил ва роҳбарии умумии фаъолияти мақомотҳои намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳо ва сохторҳои маҳаллии мақомотҳои марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумхурии Тоҷикистонро дар қаламрави шаҳр дар доираи ваколатҳои худ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ба амал мебарорад.
Раиси шаҳр самт ва афзалиятҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати молиявӣ ва ягонаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро муайян менамояд.
Дар сурати ҳозир набудани Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ ба зиммаи муовини аввали Раиси шаҳр ва ё бо супориши ӯ ба ӯҳдаи яке аз муовинони Раиси шаҳр супорида мешавад.
Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:
- ҳамкориро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
- шаҳрро дар чорабиниҳои вилоятӣ, умумиҷумҳуриявӣ ва дар хориҷи кишвар, инчунин дар тамоми мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад:
- ба сиёсати кадрӣ ва хизмати давлатӣ дар шаҳр роҳбарӣ мекунад:
- сиёсати мақсаднокро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҳалқи шаҳр муайян менамояд:
- доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ сиёсати минтақавии марбут ба ислоҳоти иқтисодӣ, қарзиву молиявӣ ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ роҳбарӣ мекунад:
- роҳбариро ба фаъолияти мудофиаи шаҳрвандӣ ва комиссияи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳр анҷом медиҳад:
- фаъолияти тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва мақомотҳои амниятии ҷамъиятро ҳамоҳанг месозад.