6 августи соли равон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилоъ, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Оғози мумфаршкунии роҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Саховат» ва намоиши маҳсулоти кишоварзони шаҳри Ваҳдат боздид намуданд






6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.














