Матни равон

Сомонаи ифротии “Ахборком”, ки бо пахши маводҳои иғвобарангезонааш маълум аст, рӯзҳои охир ба мавзӯи ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд часпидааст ва мисли ин ки дар ин маврид бо наҳзатиҳо ҳаммаслаку ҳамақидааст. Зеро дар инъикоси ин ҳодиса айнан мисли террористони наҳзатӣ аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад.

Аз ҷумла, амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро бар зидди ҷинояткорон “бераҳмона” меҳисобад. Вале амалиёт бар зидди ҷинояткороне ки мусаллаҳ ва хеле хатарноканду кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо ваҳшоният мекушанд, чӣ гуна бораҳмона буда метавонад? Раҳму шафқат ба инсони маъмулӣ зоҳир карда мешавад. Ҷинояткор ва террорист бошад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва нисбати вай ҷазо татбиқ мегардад.

Шояд дастандаркорони ин сомонаи ба ватану миллати мо душман усули раҳмдилонаи пахш кардани ҳуҷуми ҷинояткорону террористонро медонанд? Ё ба ақидаи инҳо, бояд мақомот сари ин ҷинояткоронро бар ивази амали террористиашон сила мекард?

Муаллифони сомонаи “Ахборком” дар гузоришҳои худ бо сӯзу гудоз менависанд, ки ҷинояткорони зимни ошуб фавтидаро бе ҷаноза ба хок супурдаанд. Аммо наменависанд, ки чунин рафтор нисбат ба одами террористу ҷинояткор ва шахсе ки ба ватани худ хиёнат мекунаду аз баҳри ҳамаи арзишҳои инсонӣ гузаштааст, дуруст мебошад. Тибқи дину одатҳои мардуми мо ҳам чунин ҷинояткорон, ки хуни халқро мерезанду ба амалҳои нангину касиф даст мезананд ва ҳароммурдаанд, ҷаноза карда намешаванд.

Тавре ки дар навиштаи худи ҳамин муаллифони сомонаи мазкур оварда шудааст, хешовандони яке аз маҳбусони фавтида бо номи Бону тасдиқ мекунад, ки бародараш ба террористон пайваста буд ва мехост дар ҷангҳои Сурия иштирок карда, даст ба қатли одамони бегуноҳ занад. Нақли ин нафар то кадом андоза хатарноку бадтинат будани маҳбусони мазкури ошубгарро исбот мекунад. Пас, бо кадом андеша ва кадом мақсад муаллифони сомонаи “Ахборком” онҳоро ҳимоят мекунанд?

Агар роҳбарону масъулони ин расонаи таҳлилию хабарӣ ҷараёни воқеаҳою ҳодисаҳоро ба тарзи воқеъбинона ва оъективӣ инъикос мекарданд ва заррае инсоф медоштанд, террористону ҷинояткорони хатарнокро ҳимоят намекарданд. Балки далерию қаҳрамонии кормандони ҳифзи ҳуқуқро, ки зимни мубориза бо ин ҷинояткорони мусаллаҳу хавфнок зоҳир кардаанд, васф менамуданд.

Сомонаи “Ахборком” дар баробари ҳимоят аз маҳбусони ҷинояткор дар навиштаҳояш оид ба ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд бо тамоми зуру тавон ДИИШ ро ҳам таблиғ кардааст. Гаштаю баргашта дар мақолаву гузоришҳои ин сомона рӯзҳои охир як нукта таъкид мегардад, ки ошуби маҳбусон кори дасти ДИИШ буд.

Бо ин амали худ сомонаи “Ахборком” ҳангома месозад ва аз бадбахтии одамони дигар манфиат бардоштанӣ аст. Чунин амал ба як одати маъмулии дастандаркорони ин расонаи хабарӣ табдил шудааст. Барои роҳбари ин сомона ва ҳамроҳонаш ватану миллат ва умри инсон ягон арзише надоранд. Барои онҳо танҳо манфиати моддиашон даркор аст ва ба хотири ба даст овардани мақсадҳои нопокашон ба ҳар гуна амали разилона қодиранд.

Парвизи Мирзо, таҳлилгар

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2389
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2389
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53526
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263038

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?