11 Ноябр 2018
Сомонаи ифротии “Ахборком”, ки бо пахши маводҳои иғвобарангезонааш маълум аст, рӯзҳои охир ба мавзӯи ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд часпидааст ва мисли ин ки дар ин маврид бо наҳзатиҳо ҳаммаслаку ҳамақидааст. Зеро дар инъикоси ин ҳодиса айнан мисли террористони наҳзатӣ аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад.
Аз ҷумла, амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро бар зидди ҷинояткорон “бераҳмона” меҳисобад. Вале амалиёт бар зидди ҷинояткороне ки мусаллаҳ ва хеле хатарноканду кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо ваҳшоният мекушанд, чӣ гуна бораҳмона буда метавонад? Раҳму шафқат ба инсони маъмулӣ зоҳир карда мешавад. Ҷинояткор ва террорист бошад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва нисбати вай ҷазо татбиқ мегардад.Шояд дастандаркорони ин сомонаи ба ватану миллати мо душман усули раҳмдилонаи пахш кардани ҳуҷуми ҷинояткорону террористонро медонанд? Ё ба ақидаи инҳо, бояд мақомот сари ин ҷинояткоронро бар ивази амали террористиашон сила мекард?
Муаллифони сомонаи “Ахборком” дар гузоришҳои худ бо сӯзу гудоз менависанд, ки ҷинояткорони зимни ошуб фавтидаро бе ҷаноза ба хок супурдаанд. Аммо наменависанд, ки чунин рафтор нисбат ба одами террористу ҷинояткор ва шахсе ки ба ватани худ хиёнат мекунаду аз баҳри ҳамаи арзишҳои инсонӣ гузаштааст, дуруст мебошад. Тибқи дину одатҳои мардуми мо ҳам чунин ҷинояткорон, ки хуни халқро мерезанду ба амалҳои нангину касиф даст мезананд ва ҳароммурдаанд, ҷаноза карда намешаванд.
Тавре ки дар навиштаи худи ҳамин муаллифони сомонаи мазкур оварда шудааст, хешовандони яке аз маҳбусони фавтида бо номи Бону тасдиқ мекунад, ки бародараш ба террористон пайваста буд ва мехост дар ҷангҳои Сурия иштирок карда, даст ба қатли одамони бегуноҳ занад. Нақли ин нафар то кадом андоза хатарноку бадтинат будани маҳбусони мазкури ошубгарро исбот мекунад. Пас, бо кадом андеша ва кадом мақсад муаллифони сомонаи “Ахборком” онҳоро ҳимоят мекунанд?
Агар роҳбарону масъулони ин расонаи таҳлилию хабарӣ ҷараёни воқеаҳою ҳодисаҳоро ба тарзи воқеъбинона ва оъективӣ инъикос мекарданд ва заррае инсоф медоштанд, террористону ҷинояткорони хатарнокро ҳимоят намекарданд. Балки далерию қаҳрамонии кормандони ҳифзи ҳуқуқро, ки зимни мубориза бо ин ҷинояткорони мусаллаҳу хавфнок зоҳир кардаанд, васф менамуданд.
Сомонаи “Ахборком” дар баробари ҳимоят аз маҳбусони ҷинояткор дар навиштаҳояш оид ба ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд бо тамоми зуру тавон ДИИШ ро ҳам таблиғ кардааст. Гаштаю баргашта дар мақолаву гузоришҳои ин сомона рӯзҳои охир як нукта таъкид мегардад, ки ошуби маҳбусон кори дасти ДИИШ буд.
Бо ин амали худ сомонаи “Ахборком” ҳангома месозад ва аз бадбахтии одамони дигар манфиат бардоштанӣ аст. Чунин амал ба як одати маъмулии дастандаркорони ин расонаи хабарӣ табдил шудааст. Барои роҳбари ин сомона ва ҳамроҳонаш ватану миллат ва умри инсон ягон арзише надоранд. Барои онҳо танҳо манфиати моддиашон даркор аст ва ба хотири ба даст овардани мақсадҳои нопокашон ба ҳар гуна амали разилона қодиранд.
Парвизи Мирзо, таҳлилгар