Матни равон

Ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун бо ширкати мақомот, депутатҳо ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи намояндаҳои ҳизбҳо изҳор доштанд, ки Роғун ормони миллии тоҷикон буд ва акнун Тоҷикистон ба пешрафтҳое даст меёбад. Пешрафтҳое, ки то се сол пеш ҳизби террористиву экстремистии наҳзат аз онҳо ба мардуми тоҷик афсонаҳо мегуфт. Вале ҳоло ин афсонаро мардуми тоҷик таҳти раҳбарии пешвои худ воқеӣ мекунад.

Нерӯгоҳи Роғунро Иттиҳоди Шӯравии бузург ба қудрати азими худ натавониста буд мавриди истифода қарор диҳад ва ҲНИ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол иҷрои ин ҳадафро афсона меномид.

Аҷиб  аст, ки иҷрои ин мақсад баъд аз он имконпазир шуд, ки ҲНИ дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуда, саркардаҳояш ё дар хориҷа ё паси панҷара ҳастанд. Дар маросими ба кор даровардани агрегати аввал вазири захираҳои оби Ӯзбекистон низ ширкат кард. Кишваре, ки тӯли қариб 30 сол бар зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд. Дуруст аст, ки баъд аз интихоби Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти Ӯзбекистон муносибатҳои миёни Душанбе ва Тошканд беҳтар шуданд. Вале бояд фикр кунем, ки раҳбарияти Ӯзбекистон бар зидди террроризм, экстремизм ва тундгароии исломӣ мебошад. Ҳатто аз хатари гузаштани террористон Ӯзбекистон сарҳадҳояш бо Тоҷикистонро минагузорӣ карда буд. Аммо баъд аз манъ шудани фаъолияти ҲНИ Тошканд тасмим гирифт сарҳадҳояш бо Тоҷикистонро аз мина тоза кунад ва як вазири ҳукумати Ӯзбекистон дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ширкат кард.

Яъне, бо эҳтимоли зиёд метавон хулоса кард, ки ҳалли масъалаи нерӯгоҳи Роғун шояд даҳсолаҳо пеш имконпазир буд, вале ҳузури наҳзатиҳо дар Тоҷикистон шояд раҳбарияти Ӯзбекистонро аз музокирот дар ин мавзӯъ худдорӣ мекард. Баъд аз манъ шудани ҲНИ роҳ барои ҳалли бештаре аз масъалаҳо, аз ҷумла, Роғуну интиқоли гази табиӣ, кушодани сарҳадҳову бекор кардани виза имконпазир шуд.

Ба ин далел, метавон хулоса кард, ки ба кор даровардани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи мотами Кабириву ҳаммаслаконаш аст. Бо ҳалли бештаре аз масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ Кабирӣ дигар чӣ гуна аз хоҷагонаш барои “ҳизбаш” пул талаб мекунад? Онҳо дигар ба суханҳои пучи Кабирӣ бовар намекунанд. Зеро, Тоҷикистон ба комёбиҳое ноил шуда, дигар ба ҳузури чунин сиёсатмадороне мисли Кабирӣ ниёз надорад.

Агар  ҲНИ дар Тоҷикистон манъ намешуд, ҳукумати Ӯзбекистон ҳаргиз омода намешуд, ки дар дарёҳои Тоҷикистон нерӯгоҳҳо созад ва ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Ҳаргиз намояндаашро барои ширкат дар маросими ифтитоҳи аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун намефиристод. Агар ҲНИ манъ намешуд, ҳатман мақомоти Эрон дар ин маросим ширкат мекарданд, вале акнун бо дарки ин масъала, ки шогирдони иғвоангезашон дар Тоҷикистон нестанд, ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар рӯзи хурсандии тоҷикон ширкат накарданд. Ба ин хотир метавон хулоса кард, ки ҳарчанд ҲНИ чанд сол пеш дар Тоҷикистон манъ шуда бошад ҳам, рӯзи ба кор андохтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи мотами ҲНИ аст. Зеро, дигар ҳеҷ касе дар олам ба доду фарёдҳои беасоси ин террористон дигар гӯш нахоҳад дод. Минбаъд Тоҷикистон бе ин хоинону иғвоандозон пеш меравад ва сокинони кишвар ва минтақа метавонанд ором бошанд, ки террористону экстремистҳои ба ном наҳзатӣ ба онҳо дигар хатаре надоранд.

Аҳмади Фарҳод

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4020
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4020
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55157
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264669

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?