Матни равон

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ қариб 3 ҳазор нафар сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, кормандони идораву муассисаҳо ва муҳассилини коллеҷи тиббиву муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аз назди майдони шуъбаи маориф то гардиди маркази тиҷоратии «Дурахшон» бо нидоҳои шодонаи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!» «Пайравони Пешвои миллатем!, «Шараф ба Тоҷикистони соҳибистиқлол!», «Шараф ба Пешвои миллати сарбаланд!», «Шараф ба бунёдкорони диловари Роғун!»  аз кӯчаи марказии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» мутантан роҳпаймоӣ намуданд.

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» чорабинии идона бо иштироки сокинон ва меҳмонони шаҳр, собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, намояндагони корхонаву ҷамоати шаҳракҳо, муассисаву идораҳо идома ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тамоми сокинони шаҳру шаҳракҳоро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулатиф Қодирӣ муборакбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гулистониён манзур кард. Тазаккур дода шуд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Бисту ҳафт сол аст, ки дар тамоми гӯшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд. Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҷонии  ҳар як тоҷикистонӣ ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд ба шумор меравад.

Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангинро таҳти унвони «Як нишони Ватан Парчам аст» дар ситоиши Ватан, Тоҷикистон, ваҳдату субот, Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ суруду таронаҳои марғубро манзури иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1409
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5524
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56661
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266173

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?