25 Ноябр 2018
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ қариб 3 ҳазор нафар сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, кормандони идораву муассисаҳо ва муҳассилини коллеҷи тиббиву муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аз назди майдони шуъбаи маориф то гардиди маркази тиҷоратии «Дурахшон» бо нидоҳои шодонаи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!» «Пайравони Пешвои миллатем!, «Шараф ба Тоҷикистони соҳибистиқлол!», «Шараф ба Пешвои миллати сарбаланд!», «Шараф ба бунёдкорони диловари Роғун!» аз кӯчаи марказии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» мутантан роҳпаймоӣ намуданд.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» чорабинии идона бо иштироки сокинон ва меҳмонони шаҳр, собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, намояндагони корхонаву ҷамоати шаҳракҳо, муассисаву идораҳо идома ёфт.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тамоми сокинони шаҳру шаҳракҳоро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулатиф Қодирӣ муборакбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гулистониён манзур кард. Тазаккур дода шуд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Бисту ҳафт сол аст, ки дар тамоми гӯшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд. Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҷонии ҳар як тоҷикистонӣ ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд ба шумор меравад.
Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангинро таҳти унвони «Як нишони Ватан Парчам аст» дар ситоиши Ватан, Тоҷикистон, ваҳдату субот, Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ суруду таронаҳои марғубро манзури иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ намуданд.