26 Май 2015
Дар машварати назди Раиси шаҳр сармутахассиси бахши умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандон Шарифа Отаҷонова оид ба «Қарорҳои назоратӣ ва муроҷиати шаҳрвандон» маълумот дода, зикр дошт, ки аз оғози сол то ба ин давра аз мақомотҳои ҷумҳуриявӣ 41 мактуб, аз сохторҳои вилоятӣ 113, 8 адад нусхаи қарорҳои Ҳукумати ҶТ, 44 қарорҳои Раиси вилоят ворид гардида, 108 қарорҳои Раиси шаҳр ба тасвиб расид, ки аз онҳо 22-тояш таҳти назорат қарор дорад.
336 аризаҳои шаҳрвандон ворид гардидааст. Моҳияти аризаҳо асосан оид ба ҷудо кардани қитъаи замин, кӯмаки моддӣ, масоили манзил, иҷозат барои сохтмони ҷузъиро фарогир мебошанд.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, оид ба интизоми меҳнату масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, вусъати корҳои ободкориву созандагӣ, гулкорӣ ва таъмини тозагӣ, ташкили чорабиниҳои муфиду шавқовар, омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашнҳои сол ҳарф зад.
Масъулини соҳаҳо оид ба пешбурди кор ва ислоҳи норасоиҳо аз ҷониби Раис вазифагузорӣ шуд.