Матни равон

Дар толори прократураи шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ҷамоати шаҳракҳо, нозирони минтақаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ  ва раисони маҳалла ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯроро прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум  Абдухалил Самизода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Муфаттиши калони прократураи шаҳр Одил Олимзода зимни баромадаш қайд кард, ки соли равон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии он корҳои муайян ба сомон расонида шуда, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин  муовини прокурори шаҳр Абдурашид Сангинзода  доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар шаҳр ҳарф зада, тазаккур дод, ки дар ин давра дар шаҳри Гулистон 206 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37 адад зиёд буда ҷиноятҳои вазнин бошанд 8 адад зиёд гардидаанд. Зиёдшавии ҷинояткорӣ асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, ғоратгарӣ, таъмаҷӯӣ ба вуқӯъ омадааст. Болоравии ҷиноятҳо асосан дар шаҳри Гулистон - 27 адад, Зарнисор - 6 адад, Сарбанд - 5 адад ва Сирдарё - 2 адад зиёд гардидаанд.

Дар ҷаласа роҳҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҷинояткорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор вазифагузориҳои мушаххас карда шуд. Ҳамчунин нақшаи Шӯро барои соли 2019 тасдиқ карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:40
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3402
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22100
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35680
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8935742

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?