04 Январ 2019
Дар толори прократураи шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ҷамоати шаҳракҳо, нозирони минтақаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва раисони маҳалла ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯроро прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдухалил Самизода ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Муфаттиши калони прократураи шаҳр Одил Олимзода зимни баромадаш қайд кард, ки соли равон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии он корҳои муайян ба сомон расонида шуда, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин муовини прокурори шаҳр Абдурашид Сангинзода доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар шаҳр ҳарф зада, тазаккур дод, ки дар ин давра дар шаҳри Гулистон 206 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37 адад зиёд буда ҷиноятҳои вазнин бошанд 8 адад зиёд гардидаанд. Зиёдшавии ҷинояткорӣ асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, ғоратгарӣ, таъмаҷӯӣ ба вуқӯъ омадааст. Болоравии ҷиноятҳо асосан дар шаҳри Гулистон - 27 адад, Зарнисор - 6 адад, Сарбанд - 5 адад ва Сирдарё - 2 адад зиёд гардидаанд.
Дар ҷаласа роҳҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҷинояткорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор вазифагузориҳои мушаххас карда шуд. Ҳамчунин нақшаи Шӯро барои соли 2019 тасдиқ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон