Матни равон

Имрӯз ҷомеаи мо дар як пайроҳае қарор дорад, ки он пайроҳаро бидуни фарҳангу тамаддун ва маорифу ирфон тай кардан нашояд. Маҳз ахлоқу одоби шоиста, рафтору кирдори нек, инсонгариву  адолати иҷтимоӣ ва Ваҳдату ягонагӣ аст, ки ҷомеа рушд мекунад ва барои насли оянда фарҳанги шоистаро ба мерос мегузорад.

Мутаасифона, имрӯзҳо на танҳо дар ҷомеаи мо, балки берун аз он бархе афрод ҳастанд, ки бо хулқу атвор ва ахлоқи ғайриинсонӣ зиндагониро ба хатар оварданд. Иттилоот оид ба таркиши биноҳову иморатҳо ва қатли одамони бегуноҳ тариқи телевизиону радио ҳамарӯза садо медиҳад. Манзараҳоро аз телевизион тамошо карда, дар ҳайрат мемонем, ки наход ин амалҳо  аз ҷониби фарзанди инсон сурат гирад?

Дар фарҳанги исломӣ аз ибтидо то интиҳо хайрхоҳ будан, ба ҳамҷинсон кумаку дасти ёрӣ дароз кардан, якдигарро эҳтиром намудан, ба олам ба назари нек нигаристан, ятимонро парастидан, калонсолонро эҳтиром намудан, ҳаққи ҳамсоягиро ба ҷой овардан, бо якдигар додугирифт кардан ва монанди ин атвори нек талқин шудаанд. Ҳамаи инро дониста террористону экстремистон аз куштору қатл, ноором кардани ҷомеаи имрӯзаи мо даст намекашанд ва ғаразҳои нопоки хешро амалӣ менамоянд. Онҳо намедонанд, ки бадахлоқиву корҳои ношоистаашон барои авлодашон ба таври доимӣ доғ боқӣ мегузорад.

Вақте ки ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ менигарем, некӣ ва накӯкорӣ, ахлоқи шоиста доштан ҳамчун омилҳои расидан ба мақсадҳои олӣ тараннум гардидаанд.

Аммо бархе аз одамон ба гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгаро шомил гашта  бегонапарастиро беҳтар медонанд, ба сафсатаҳо ва бофтаҳои онҳо  такя  намуда, зидди хонавода ва волидайни хеш баромада, мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ намуда  истодаанд.

Инсон ҳар як кореро, ки ба анҷом расонад, он кирдор хоҳ нек бошад, хоҳ бад, мувофиқ ба он мукофот мегирад. Ҷавоби некӣ-некӣ ва бадӣ – бадӣ аст.

Воқеан, инсон барои васл кардан, яъне ваҳдат бояд кӯшиш намояд. Ваҳдат ҷомеаро ба мақсадҳои олӣ мерасонад. Тавассути ваҳдат халқияту миллатҳо аз фарҳанги якдигар бохабар мегарданд ва ба муҳайё сохтани муҳити мусоид заминаҳо фароҳам меоранд.

Имрӯз мо халқи кишвар бояд Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шавем ва сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  якдилу якҷон дастгирӣ намоем.

Фирӯза Абдуллозода,
сокинони шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:55
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1843
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8813
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10498
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15006
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8291107

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?