21 Январ 2019
Имрӯз ҷомеаи мо дар як пайроҳае қарор дорад, ки он пайроҳаро бидуни фарҳангу тамаддун ва маорифу ирфон тай кардан нашояд. Маҳз ахлоқу одоби шоиста, рафтору кирдори нек, инсонгариву адолати иҷтимоӣ ва Ваҳдату ягонагӣ аст, ки ҷомеа рушд мекунад ва барои насли оянда фарҳанги шоистаро ба мерос мегузорад.
Мутаасифона, имрӯзҳо на танҳо дар ҷомеаи мо, балки берун аз он бархе афрод ҳастанд, ки бо хулқу атвор ва ахлоқи ғайриинсонӣ зиндагониро ба хатар оварданд. Иттилоот оид ба таркиши биноҳову иморатҳо ва қатли одамони бегуноҳ тариқи телевизиону радио ҳамарӯза садо медиҳад. Манзараҳоро аз телевизион тамошо карда, дар ҳайрат мемонем, ки наход ин амалҳо аз ҷониби фарзанди инсон сурат гирад?
Дар фарҳанги исломӣ аз ибтидо то интиҳо хайрхоҳ будан, ба ҳамҷинсон кумаку дасти ёрӣ дароз кардан, якдигарро эҳтиром намудан, ба олам ба назари нек нигаристан, ятимонро парастидан, калонсолонро эҳтиром намудан, ҳаққи ҳамсоягиро ба ҷой овардан, бо якдигар додугирифт кардан ва монанди ин атвори нек талқин шудаанд. Ҳамаи инро дониста террористону экстремистон аз куштору қатл, ноором кардани ҷомеаи имрӯзаи мо даст намекашанд ва ғаразҳои нопоки хешро амалӣ менамоянд. Онҳо намедонанд, ки бадахлоқиву корҳои ношоистаашон барои авлодашон ба таври доимӣ доғ боқӣ мегузорад.
Вақте ки ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ менигарем, некӣ ва накӯкорӣ, ахлоқи шоиста доштан ҳамчун омилҳои расидан ба мақсадҳои олӣ тараннум гардидаанд.
Аммо бархе аз одамон ба гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгаро шомил гашта бегонапарастиро беҳтар медонанд, ба сафсатаҳо ва бофтаҳои онҳо такя намуда, зидди хонавода ва волидайни хеш баромада, мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ намуда истодаанд.
Инсон ҳар як кореро, ки ба анҷом расонад, он кирдор хоҳ нек бошад, хоҳ бад, мувофиқ ба он мукофот мегирад. Ҷавоби некӣ-некӣ ва бадӣ – бадӣ аст.
Воқеан, инсон барои васл кардан, яъне ваҳдат бояд кӯшиш намояд. Ваҳдат ҷомеаро ба мақсадҳои олӣ мерасонад. Тавассути ваҳдат халқияту миллатҳо аз фарҳанги якдигар бохабар мегарданд ва ба муҳайё сохтани муҳити мусоид заминаҳо фароҳам меоранд.
Имрӯз мо халқи кишвар бояд Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шавем ва сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилу якҷон дастгирӣ намоем.
Фирӯза Абдуллозода,
сокинони шаҳри Гулистон