Матни равон

Санаи 05.07.2024 бахшида ба 80-солагии  собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ Султон Каримбердиев дар толори мактаби санъати маркази шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ  доир гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, муовини сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯз, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ  Ҷумурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, соҳибҷашн Султон Каримбердиев ва дӯстону пайвандон, собиқадорон, ҳамкорону ҳамсабақони соҳибҷашн иштирок иштирок намуданд.

Нахуст, муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқидзода номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ироа намуда, ба соҳибҷашн тансињатї, бахту иќболи некў ва рӯзгори осуда ва давлатии пирии бегазандро таманно менамояд.

Сипас, муовини сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯз Исмоилзода  табрикоти сардори ниҳоди мазкур ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ  Ҷумурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров номаи табрикотии шуъбаи шаҳриро манзур намуд. Раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова низ соҳибҷашнро бо ин рӯзи фирӯз муборак бод намуданд.

Зикр гардид, ки Султон Каримбердиев дар соҳаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз соли 1974 то соли 2000-ум фаъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ намуда, тули ин солҳо дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарикунандаи ин ниҳоди пурмасъул фаъолияти ибратбахш намуда, барои хизматҳои содиқона ба беш аз 30 адад мукофотҳои соҳавию давлатӣ қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ёрону пайвандон ва дӯстону наздикони соҳибҷашн доир ба фаъолияти меҳнативу ҷамъиятии ӯ изҳори назар намуданд.

Дар фарҷом Султон Каримбердиев дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, барои баргузории конференсияи мазкур изҳори сипос карда, иброз дошт, ки минбаъд низ  донишу таҷрибаи худро барои тарбияи насли ҷавон равона карда дар тарбия ва рушдукамоли онҳо саҳми арзишманд мегузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:733
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7632
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11742
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29879
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8131196

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?