12 Сентябр 2026
Санаи 12.09.2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории Раиси шаҳр доир гардид.
Дар машварати корӣ муовини якум ва муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои шаҳр иштирок доштанд.
Машваратро Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, масъалаҳои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба сафарбарнамоии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, иҷрои нақшаи "Обуна - 2026" ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, ба масъулин баҳри тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамнамоии шаҳр, ободонии дохили маҳаллаҳо, мумфарш намоии роҳҳои маҳаллӣ, истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳои мушаххас дода шуд.



















