16 Июл 2026
Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Гулистон аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ва сохтмонҳои муҳими шаҳр аз қабили ҶДММ "Шамс тиҷорат ", ҶДММ "Паррандаи заррин" , Сехи истеҳсоли коркарди коғаз соҳибкор Нуруллоев Сайфулло, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи Рофиев Дилшод ва тарабхонаи Турсуной Зокирова боздид ба амал овард.
Зимни боздид Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои ободонӣ ва сатҳи омодагии иншоотҳо шинос шуда, бо масъулини соҳа ва роҳбарони иншоотҳо суҳбат анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонидани корҳо, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои бунёдкорӣ ва таъмини омодагии ҳамаҷонибаи иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таъкид гардид, ки корҳои созандагию ободонӣ бояд бо масъулияти баланд роҳандозӣ гардида, ҳар як иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки боздидҳо аз иншоотҳои ҷашнӣ дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Аз дафтари матбуоти Раиси шаҳр























