Матни равон

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Гулистон аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ва сохтмонҳои муҳими шаҳр аз қабили  ҶДММ "Шамс тиҷорат ",  ҶДММ "Паррандаи заррин" , Сехи истеҳсоли коркарди коғаз соҳибкор Нуруллоев Сайфулло,  маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи Рофиев Дилшод ва  тарабхонаи Турсуной Зокирова  боздид ба амал овард.
Зимни боздид Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои ободонӣ ва сатҳи омодагии иншоотҳо шинос шуда, бо масъулини соҳа ва роҳбарони иншоотҳо суҳбат анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонидани корҳо, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои бунёдкорӣ ва таъмини омодагии ҳамаҷонибаи иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Таъкид гардид, ки корҳои созандагию ободонӣ бояд бо масъулияти баланд роҳандозӣ гардида, ҳар як иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки боздидҳо аз иншоотҳои ҷашнӣ дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Аз дафтари матбуоти Раиси шаҳр

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6323
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20515
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22101
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70084
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9735844

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?