Матни равон

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону соҳибкорони ватандӯсти шаҳраки Адрасмон ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар маъракаи мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳрак иштирок намуда, ба ташаббуси сокинону соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дод.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки саҳми сокинон дар ободонии маҳал шоистаи таҳсин буда, чунин иқдомҳои созанда бояд минбаъд низ идома дода шаванд. Зеро ободии маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ аз ҳамдилию ташаббускории худи сокинон низ вобастагии зиёд дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз беш аз 700 метр роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳрак мумфарш гардида, тибқи нақша мумфаршкунии роҳҳо то охири сол идома меёбад.

Шаҳраки Адрасмон бо табиати зебову нотакрор ва имкониятҳои фаровони иқтисодию истеҳсолӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Бо амалӣ гардидани тадбирҳои созанда ва рушди иқтидори саноатӣ дар ояндаи наздик шаҳрак метавонад ба яке аз маҳалҳои ободу пешрафта ва саноатии минтақа табдил ёбад.

Иқдомҳои созандаи сокинону соҳибкорони Адрасмон намунаи равшани ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан буда, дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ мешаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2436
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14031
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49366
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9861096

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?