Матни равон

Дар боғи фароғатӣ-фараҳангии «Темурмалик»-и шаҳр бахшида ба таҷлили Рўзи Ғалаба чорабинии пуршукўҳи шаҳрӣ бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо ва сокинони шаҳр ба вуқўъ пайваст.

Тантанаҳои идона бо табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба ифтихори 72-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Раиси шаҳр зимни суханронии худ тазаккур дод, ки аз шаҳри Гулистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 1000 нафар фиристодагон аз шаҳракҳо иштирок намуда, қаҳрамониҳо нишон додаанд. Боиси тафохур аст, ки ду нафар фиристодагони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» – Эгамбердӣ Хоҷамбердиев ва Нишев Иосиф Илич (ҳарду аз шаҳраки Адрасмон)  бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудаанд. Имрўз якҷоя бо мо аз садҳо нафар иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо як нафар – Самадов Воҳид ва боз 11 нафар заҳматкашони диловари ақибгоҳ дар тантанаи 72-юмин солгарди Рўзи Ғалаба ширкат доранд. Аз ҷумлаи заҳматкашони ақибгоҳ се нафарашон бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шудаанд.

 

Сипас раиси Шўрои собиқадорони  ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев ҳамагонро бо Иди Ғалаба шодбош гуфт. Бо гузашти мутантани сарбозони қисми ҳарбии 45025, лаҳзаи хомўшӣ ва гузоштани гулчанбарҳо маросими ботантанаи идона ба анҷом расид.

Дар маркази хизматрасонии «Дурахшон» барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист, чернобилчиён ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дасторхони идона густурда шуда, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои ҳозирин барномаи консертӣ манзур намуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23346
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:76899
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7718819

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?